18 дек. 2009 г.

Созкунии Goldendict дар MS Windows (дар мисоли Winows Vista)

Инҷо сухан оиди дастраскунӣ ва созкунии нармафрози Goldendict дар системаи оператсионии Microsoft Windows Vista меравад. Дар тафсири Windows XP ҳамчунин соз карда мешавад (баъзе нозукиҳою фарқиятҳоро дар поёни мақола меорам).
Аз мақолаи пештара маълум аст, ки ин нармафроз ройгон буда барои нусхагирӣ дар шабакаи Интернет дастрас аст. Барои созкунии ин нармафроз, аввал бояд онро дастрас кунем. Онро метавон бевоситаи аз сайти созандагонаш дастрас намуд. Инчунин, метавонед аз ин нишонаҳои мустақим тафсири 32-битаи нармафрозро барои системаи Windows (7, Vista, XP) бидуни лағатҳо дастрас кунед (ҳаҷман 13 MB): оинаи якум; оинаи дуюм.
Баъди он, ки нармафроз нусха гирифта шуд, барои созкунии он файли GoldenDict-0.9.0-Install.exe-ро бояд иҷро кард (бо мушак ду маротиба қарсос задани он). Баъди иҷрои ин амал,  оинаи ситемаи ёрирасонии созкунии нармафроз пайдо мешавад ва дар қадами аввал интихоби забон барои истифодакунӣ аз системаи ёрирасониро пешкаш мекунад:
 
Аз рӯйхати пешкашуда забони ба худатон қулайро интихоб намуда, тугмачаи "ОК"-ро бояд пахш кард (ман забони русиро интихоб кардам, зеро ин барои ман қулайтарин аз рӯйхати пешкашшуда аст). Баъди ин оинаи пешвозгирии системаи ёрирасон пайдо мешавад:
 
Барои давом додани протсесси созкунӣ, тугмачаи "Далее >"-ро пахш кунед. Оинаи розигӣ бо шартномаи литсензионии истифодабарии нармафроз пайдо мешавад:
 
Агар бо шартҳои созишнома розӣ бошед, тугмачаи "Принимаю"-ро пахш кунед. Оинаи нав бо пурсиши ҷои созкунии нармафроз дар диски компутар пайдо мешавад:
 
Дар ҳолати зикр накардан, нарафроз дар диски С ва роҳи Program Files\GoldenDict\ соз карда мешавад. Инчунин шумо метавонед ҷои дигарро дар диск нишон диҳед. Барои ин тугмачаи "Обзор"-ро пахш карда, дар оинаи пайдошуда ҷои лозимаро бояд нишон дод. Баъди ин, тугмачаи "Далее >"-ро пахш кунед. Оинаи нав бо пурсиши нишон додани ҷои ҷойгиршавии тамғаҳои баронома дар менюи "Пуск" пайдо мешавад:
 
Тугмачаи "Установить"-ро пахш кунед. Протсесси созкунии нармафроз оғоз мегардад:
 
ва дар интиҳои ин протсесс оинаи хотимавии системаи ёрирасон пайдо мешавад:
Тугмачаи "Готово"-ро пахш кунед. Ҳамин тариқ, Goldendict дар компутери Шумо соз мешавад ва барои истифодабарӣ омода аст.

Ҷӯркунии нармафроз
Баъди созкунии нарафроз, онро метавонем ба воситаи командаи Пуск->Все программы->GoldenDict->GoldenDict иҷро намоем. Оинаи асосии нармафроз кушода мешавад. Барои ҷӯркунии барнома бояд аз командаи меню Правка->Параметры ё тугмачаи F4-и клавиатура истифода бурд:

Оинаи зерин кушода мешавад:
Инҷо метавонед забони нармафроз, намуди зоҳириаш ва дигар параметрҳоро нишон диҳед.


Иловакунии луғатҳои тоҷикӣ ба GoldenDict
 (давом дорад)....

Илова барои истифодабарандагони MS Windows XP
Мушкилие, ки истифодабарандагон ҳангоми истифодаи луғати тоҷикӣ дучор шуданашон мумкин аст, ин интихоби ҳуруф дар нармафроз аст. Ин мушкилӣ аз сабаби дар қисми Unicode-и саҳифаи кодии кириликӣ мавҷуд будани шаш ҳарфи тоҷикӣ (қ, ҳ, ғ, ӯ, ҷ, ӣ) пайдо мешавад. Ин маънои онро дорад, ки барои дуруст тасвир намудани ҳамаи аломату ҳарфҳои луғат бояд аз ҳуруфи Unicode истифода бурд. GoldenDict барои тасвири луғат ҳуруфи Tahoma-ро истифода мебарад, ва тафсири дар Windows XP будаи ин ҳуруф рамзҳои Unicode-ро дар бар намегиранд. Барои бартарафнамоии ин мушкилӣ ман иҷрои ду қадами зеринро тавсия менамоям. Иҷрои қадами якум зарурӣ нест, лекин таъкид мекунам, ки луғатҳои дар боло нишондодашуда пурра дуруст пас аз иҷрои ин ҳар дуи қадамҳо кор мекунанд: 
1. Созкунии ҳуруфи нав. Инҷо тавсия мекунам, ки ҳангоми истифодабарии луғатҳо аз ҳуруфи Segoe UI истифода баред (ин ҳуруф тафсири нави ҳуруфи Tahoma аст). Онро метавонед аз шабакаи Интернет бемушкилӣ ёбед ва соз кунед. Инчунин, инҷо дар вақти муайян ман нишонаи мустақим барои дастраскунии ин ҳуруф мегузорам (кай ки ширкати Microsoft ҷарима гирифтани шавад, он вақт кӯр мекунам): нусхаи ҳуруфҳои Segoe UI аз Windows 7. Баъди он ки аз нишонаи болои ҳуруфҳоро нусха гирифтед, онро аз архив бароред. Баъди ин онро бояд соз кард. Барои ин командаи Пуск->Панель управления->Шрифты-ро иҷро кунед:


 
 Оинаи "Шрифты" кушода мешавад. Аз менюи "Файл" банди "Установить шрифт ..."-ро иҷро кунед:
  
Оинаи "Добавление шрифтов" кушода мешавад:
 
Дар ин оина бояд ҷои шрифтҳои нусхагирифташударо нишон дод. Вақте, ки директорияи лозимаро нишон медиҳед (ба воситаи гурӯҳҳои "Диски" ва "Папки") дар руйхати "Список шрифтов" номгӯи ҳуруфҳо намудор мешаванд. Баъди ин аввал тугмаи "Выделить все" ва баъд "ОК"-ро бояд пахш кард. Ба ҳамин тариқ, ҳуруфҳо соз мешаванд.
2. Интихоби ҳуруфи тасвирӣ дар Goldendict. Барои он ки GoldenDict ҳуруфи созкардаро барои тасвир намудани луғатҳо истифода барад, бояд дар директорияи хусусии нармафроз (дар ҳолати  ғайризикр: С:\Document and Settings\Profile_name\Apllication Data\GoldenDict. Ба ҷои ҳарфҳои сурх номи истифодабарандаро бояд гузошт) файли article-style.css бо матни зерин ташкил кард:

body
{
  font-family: "Segoe UI", "Palatino Linotype";
}
 
(тавзеҳ:  агар Шумо қадами якумро иҷро накарда бошед, онгоҳ пас аз иҷрои қадами дуюм Goldendict ҳуруфи Palatino Linotype-ро истифода мебарад. Ин ҳуруф ҳарфҳои тоҷикиро дуруст тасвир мекунад. Умуман Шумо худатон метавонед ягон ҳуруфи дигарро истифода баред...). Шахсоне ки дар сохтани ин файл душворӣ мекашанд, метавонанд онро аз ин ҷо дастрас кунанд, ва чуноне, ки дар расми поёнӣ нишон дода шудааст, насхаи файлро ба ҷои лозима гузоранд:
 
Ҳамин тариқ, дар оғози ояндаи GoldenDict, ҳуруф тағйир меёбад.

    Комментариев нет:

    Отправить комментарий