18 дек. 2009 г.

Созкунии Goldendict дар MS Windows (дар мисоли Winows Vista)

Инҷо сухан оиди дастраскунӣ ва созкунии нармафрози Goldendict дар системаи оператсионии Microsoft Windows Vista меравад. Дар тафсири Windows XP ҳамчунин соз карда мешавад (баъзе нозукиҳою фарқиятҳоро дар поёни мақола меорам).
Аз мақолаи пештара маълум аст, ки ин нармафроз ройгон буда барои нусхагирӣ дар шабакаи Интернет дастрас аст. Барои созкунии ин нармафроз, аввал бояд онро дастрас кунем. Онро метавон бевоситаи аз сайти созандагонаш дастрас намуд. Инчунин, метавонед аз ин нишонаҳои мустақим тафсири 32-битаи нармафрозро барои системаи Windows (7, Vista, XP) бидуни лағатҳо дастрас кунед (ҳаҷман 13 MB): оинаи якум; оинаи дуюм.

29 окт. 2009 г.

Луғати электронии тоҷикӣ: ҳақиқат ё ривоят?


Имрӯз мехостам оиди масъалаи ҳалталабе, ки дар тамоми шабака баҳс мешаваду, то ҳол ҳали умумиашро наёфтааст, каме суханронӣ кунам. Ин ҳам бошад масъалаи луғатӣ электронӣ барои забонӣ тоҷикӣ мебошад. Мехостам пешакӣ гуфта гузарам, ки ман тарафдорӣ истифодаи нармафрози шакли "кушод" (яъне, бемузду сарчашмааш дар намуди кушод пешкаш шудааст) ҳастам. Бино бар ин, инҷо танҳо доири чунин нармафрозу маводҳо сухан меравад (шахсоне, ки хоҳиши луғати музднок дастрас карданианд, лутфан аз Liimr ё ACRONX истифода баред, ва ҳоҷати хондани давоми мавзӯъ нест).

27 окт. 2009 г.

Иловаҳо барои Mozilla Thunderbird.

Thunderbird - ин мизоҷи почтаи электронии бемузду гуногунзабон аст, ки дар платформаҳои зиёди мавҷуда кор мекунад. Ба замми ин, вай бо тезӣ ва осонӣ ҷур мешавад. Ба ғайр аз бехатарии кор дар шабака, бароҳатии кор бо мизоҷ, Thunderbird имкон медиҳад, ки корро бо мизоҷи почтаи электронӣ чунон ки худатон мехоҳед ба роҳ монед. Барои ин аз садҳо иловаҳое, ки барои ин мизоҷ сохта шудаанд, истифода метавон кард ва мизоҷро ба эҳтиёҷу хоҳиши худ ҷӯр намуд. Иловаҳо имконияти мизоҷро васеъ мекунанд. Инҷо ман маълумоти мухтасар оиди он иловаҳое ки худ истифода мебарам овардам (барои тафсири 2.0 ё болои мизоҷ).

20 окт. 2009 г.

Ҷӯркунии Mozilla Thunderbird

Тафтиши охирини маълумоти ин варақа: 2009-10-20 (сарчашмаи асосӣ)
Дар варақаи мазкур тарзи ҷӯркунии мизоҷи почтаи электронӣ Mozilla Thunderbird барои якчанд серверҳо (ки худ истифода мекунам) оварда шудааст. Мақсади асосии варақа – барои худам ҳангоми лозим шудан дубора истифода бурдан аст. Лекин, агар аз маълумоти инҷо овардашуда касе истифода барад, муқобил нестам :). Инак,

Тарзи ҷӯркунӣ барои Gmail (суроғаҳои намуди abdu@gmail.com)

Роҳикунии номаҳо:
  Сервери SMTP: smtp.gmail.com
  Порт: 587

  Истифодаи ном ва парол: Ҳа
  Номи истифодабаранда: abdu
  Тарзи пайвастшавии маъмун истифода шавад: TLS