27 окт. 2009 г.

Иловаҳо барои Mozilla Thunderbird.

Thunderbird - ин мизоҷи почтаи электронии бемузду гуногунзабон аст, ки дар платформаҳои зиёди мавҷуда кор мекунад. Ба замми ин, вай бо тезӣ ва осонӣ ҷур мешавад. Ба ғайр аз бехатарии кор дар шабака, бароҳатии кор бо мизоҷ, Thunderbird имкон медиҳад, ки корро бо мизоҷи почтаи электронӣ чунон ки худатон мехоҳед ба роҳ монед. Барои ин аз садҳо иловаҳое, ки барои ин мизоҷ сохта шудаанд, истифода метавон кард ва мизоҷро ба эҳтиёҷу хоҳиши худ ҷӯр намуд. Иловаҳо имконияти мизоҷро васеъ мекунанд. Инҷо ман маълумоти мухтасар оиди он иловаҳое ки худ истифода мебарам овардам (барои тафсири 2.0 ё болои мизоҷ).





Иловаи якум.Remove Duplicate Messages – барои даёфту хориҷи тези номаҳои такроршаванда дар папкаҳои гуногун кӯмак мерасонад.



Иловаи дуюм. Lightning – бо воситаи ин илова шумо метавонед ду нармафрози омавӣ Mozilla Thunderbird (мизоҷи почтавӣ) ва Sunbird (тақвим)-ро якҷоя истифода баред. Он ҳамчун илова ба Thunderbird соз мешавад ва ба охирин функсияҳои тақвим ва банақшагириро илова мекунад.





Иловаи сеюм. Provider for Google Calendar - иҷозат медиҳад, ки тақвимҳои Google дар реҷаи дутарафа дастрас бошад (яъне, тақвимҳоро ҳам бо воситаи Thunderbird ва ҳам веб-интерфейси Google Calendar идора кардан/тағйир додан мумкин аст). Иловаи мазкур ҳангоми соз будани иловаи Lightning дастрас аст.



Иловаи чаҳорум. MinimizeToTray – ин илова танҳо дар системаи оператсионии Windows кор мекунад. Имкон медиҳад, ки оинаи мизоҷ дар трейи системавӣ пинҳон карда шавад. Инчунин, иҷозат медиҳад, ки ҳангоми пахши тугмаи рости мушак дар нишонаи Thunderbird аз менюе, ки командаҳои кушодани оинаи заруриро дорад, истифода карда шавад.



Иловаи панҷум. FireTray – ин илова танҳо барои системаҳои оператсионии Linux кор мекунад. Монанди иловаи болоӣ, барои пинҳон намудани оинаи мизоҷ дар трейи системавӣ хизмат мекунад.


Инҷо танҳо он иловаҳое, ки аз нуқтаи назарам зарурӣ ба шумор мераванд, овардам. Мумкин аст, ки дар оянда оиди иловаҳои дигар барои Thunderbird мавзӯе бахшам. Муаллиф худро хушнуд ҳисоб мекунад, агар маълумоти инҷо дарҷшуда ба касе кӯмак расонад. Инчунин Шумо метавонед қайду дархостҳоятонро ба ин мавзӯъ гузоред, то муаллиф онҳоро ҳам дар ин мавзӯю ҳам дар мавзӯҳои оянда онҳоро ба эътибор гирад. Пешаки ташаккур :).

3 комментария:

  1. Салом аллейкум Дилшод, аз дидани чунин сайти точики хеле хушнудам ва ифтихор кардам ). Имрузхо барномаи Tinderbird ба бисер забонхо тарчума шудааст ба гайр аз забони модарии мо чи мешуд ба монанди Шумо донандахои илму технологияхои нав хамин корро ба рох мемонданд?

    Бо эхтиром,

    ОтветитьУдалить
  2. Этот комментарий был удален автором.

    ОтветитьУдалить
  3. Ба болоӣ. Ин кор аллакай иҷро шудааст. Ман худам аз тарҷимаи тоҷикӣ истифода намебарам, лекин борҳо аз ахборот хондаам, ки Thunderbird ба тоҷикӣ тарҷима шудааст. Якбор аз сақифаҳои www.tajiklocalization.tj ё http://www.kde.tj/ назар кунед, мумкин ки онҷо бошад. Инчунин дар саҳифаи http://www.vatanweb.tj/news/2006-07-25-552 тарҷимаро гузоштаанд, вале дурустии маълумоти он саҳифаро тафтиш накардаам. Дар шабака кобед, ки гуфтаанд: ҷӯянда ёбанда аст :).

    ОтветитьУдалить