29 окт. 2009 г.

Луғати электронии тоҷикӣ: ҳақиқат ё ривоят?


Имрӯз мехостам оиди масъалаи ҳалталабе, ки дар тамоми шабака баҳс мешаваду, то ҳол ҳали умумиашро наёфтааст, каме суханронӣ кунам. Ин ҳам бошад масъалаи луғатӣ электронӣ барои забонӣ тоҷикӣ мебошад. Мехостам пешакӣ гуфта гузарам, ки ман тарафдорӣ истифодаи нармафрози шакли "кушод" (яъне, бемузду сарчашмааш дар намуди кушод пешкаш шудааст) ҳастам. Бино бар ин, инҷо танҳо доири чунин нармафрозу маводҳо сухан меравад (шахсоне, ки хоҳиши луғати музднок дастрас карданианд, лутфан аз Liimr ё ACRONX истифода баред, ва ҳоҷати хондани давоми мавзӯъ нест).

Имрӯз тасмим гирифтам, танҳо оиди нармафрозе, ки имконияти кор бо луғатҳои бемузду кушодро доранд, сухан гӯям. Муаллиф танҳо ду нармафрозе, ки ин функсияро иҷро карда метавонад, медонад. Инҳо: GoldenDict ва StarDict. Аз сабаби он, ки муаллиф аз истифодаи нармафрози дуюмӣ (StarDict) мушкилӣ мекашид, ва онро аз сабаби набудани нармафрози алтернативӣ истифода мебурд, даст кашид. Ба ҷои он айни ҳол аз GoldenDict истифода мебарад. Ин нармафроз насбат ба StarDict бисёр бартариҳои куллӣ дорад, ва дар истифода то айни ҳол, муаллиф ба ягон ноқулаию мушкилӣ дучор нагаштааст. Бино бар ин, ба ҳама онро тавсия мекунад. Инак, кӯтоҳ оиди нармафроз.





GoldenDict. Проекти мазкур барои сохтани нармафрози бисёрфунксионалӣ, ки имконияти ҷӯстуҷӯ аз луғатҳои мавҷудаи электрониро фароҳам меоварад, равона карда шудааст. Яъне, худи нармафроз дорои луғатҳо нест, вай танҳо имконият медиҳад, ки аз луғатҳои мавҷуда истифода карда шавад (интерфейси графикии истифодабарӣ, функсияҳои кофтукоб, намоиш, тартиборӣ ва ғайра). Инчунин, шумо на танҳо онро дастрас ва истифода бурда метавонед, ба зам, шумо метавонед ба муаллифон хоҳишу дархостҳои худ барои мукаммал кардани он, гирифтани ёрӣ оиди истифодабариаш муроҷиат кунед, ё метавонед худ барои ривоҷи проект саҳмгузор бошед (ҳамаи дарҳо кушода).



Хусусиятҳои асосии нармафроз (барои тафсири 0.9.0):

  • Истифода аз WebKit ва намоиши аниқи мақолаҳо, бо нигоҳдории андозаву намуди зоҳирии мақолаҳо, расмҳо ва ишораҳо.
  • Имконяти истифодабарии якчанд форматҳои луғатҳо, алалхусус:
    • Формати луғатҳои Babylon (.BGL файлҳо) бо нигоҳдошти расмҳо ва сарчашмаҳо.
    • Формати луғатҳои StarDict .ifo/.dict./.IDX/.syn
    • Формати луғатҳои Dictd .index/.dict (.DZ)
    • Формати луғатҳои ибтидоии ABBYY Lingvo (.DSL файлҳо) бо нигоҳдошти мухтасариятҳо (кӯтоҳнависӣ). Файлҳои луғатҳоро метавон дар намуди архиви .Zip нигоҳ дошт (барои ҷои бисёр нагирифтан).
    • Луғатҳои овозии тарзи талаффуз
      • Файлҳои овозии ABBYY Lingvo (.lsa/.DAT файлҳо). Метавонанд пешакӣ индексатсия шаванд, ё ин ки аз файлҳои .DSL гирифта шаванд.
      • Имконияти истифодаи дилхоҳ файлҳои овозӣ ба сифати луғат.
  • Имконияти ҷустуҷӯи мафҳумҳо дар Wikipedia, Wiktionary, ё ягон дигар сарчашмае, ки ба MediaWiki асос шудааст.
  • Имконияти истифодаи сайтҳои дилхоҳ ҳамчун луғат, бо ёрии шаблонҳои URL.
  • Системаи морфологӣ дар асоси Hunspell. Барои стемминг (дарёфтани асоси калима аз калимаи додашуда. Асоси калима наҳамавақт ба мафҳуми морфологии "решаи калима" мувофиқ аст) ва ёрии имловӣ.
  • Дастгирии пурраи Unicode, рамзҳои диакритикӣ (ки барои забони тоҷикӣ хеле зарур аст). Мумкин аст калимаҳоро бидуни задаҳо, ҳарфҳои калону хурд, рамзҳои китобӣ (вергул, фосила, нуқта ва ҳоказо). Масалан, барои дарёфти калимаи "Марҳамат" мумкин аст, ки калимаи "мархамат" аз клавиатура чида шавад. Инчунин, техникаи whitespace folding истифода мешавад.
  • Функсияи дарболобароии луқмадиҳӣ - тарҷумаи калимае, ки дар оинаи нармафрози дигар ҷудо шудааст.
  • Истифодаи тезтугмаҳои (hotkeys) глобалӣ. Мумкин аст, оинаи нармафрозро дар вақти дилхоҳ кушодан, ё ин ки мустақиман калимаи дар буфери мубодила (clipboard) бударо тарҷума кардан.
  • Интерфейси замонавии Qt 4 бо истифодаи варақаҳо (Tabs).
  • Кросс-платформавӣ: Linux/X11 ва Windows + имконияти гузаронидан ба системаҳои дигар.
  • Таъминоти программавии озод: литсензияи GNU GPLv3.

Рӯзҳои наздик кӯшиш мекунам, тарзҳои соз ва ҷӯркунии GoldenDict дар системаҳои оператсионии Windows (XP/Vista) ва Debian (барои Ubuntu, аз рӯи ақида, низ бояд дуруст бошад) мавзӯе бахшаму ба диққати хонандагон расонам. Дар оянда, мавзӯъ доири луғатҳои тоҷикие ки дар шабака мавҷуданду, оидашон маълумот дорам, тайёр мекунам. Аз мавзӯъҳои нав нигарон бошед.

7 комментариев:

  1. Маколаи хеле хуб аст! Ман то ҳол аз нармафзори StarDict истифода мебурдам. Вале, агар ин GoldebDict қобилият дорад бо луғатҳои формати .DSL кор кунад, пас аз ин бармеояд, ки луғатҳои ABBYY Lingvo-ро метавонем дар Linux низ бемалол истифода намоем? ))

    ОтветитьУдалить
  2. 2 Sarozer. Бале. Бемалол. Ба замми ин, намуди зоҳирии GoldenDict-ро метавонед (бо ёрии "мавзӯъҳо") ба намуди ABBYY Lingvo оваред.

    ОтветитьУдалить
  3. То хол ABBYY Lingvo ягона побанди ман дар Windows буд. Акнун, ки ин масъала халл шуд -- АЛВИДО! WINDOWS! =)

    ОтветитьУдалить
  4. Бародари азиз, маслихате бидех, чи тавр файлхои формати .lsd-и Lingvo-ро ба формати .DSL баргардонам?

    ОтветитьУдалить
  5. 2 Sarozer: Ба саволатон, дар қисми шахсии форуми http://tajform.tj/ ҷавоб навистам.

    ОтветитьУдалить
  6. SALOM AKOJON MAN PARVIZ ICQ5335858... IN RIVOЯТ НЕСТ ХАКИКАТ АСТ .. БАРНОМАСОЗОН ТАРИКИ OpenOffice.org 3.0 дар МИКРОСОФТ ОФИС ВОРД лугати точики монанди суффикс , калимахо,пешоянду пасоянд партофтаанд

    ОтветитьУдалить
  7. ин камтар масъалаи дигар. Луғати тафтиши имловӣ нею, луғати оддӣ, ба мисоли ABBYY Lingvo.

    ОтветитьУдалить